- танг
- I[تنگ]1. ҷои камғунҷоиш. муқоб васеъ; майдони танг, хонаи танг2. камбар; муқоб. кушод: кафши танг, кӯчаи танг; тангу тор камбару торик; чашми танг а) чашми майдаи борик; б) чашми носер; танг будан а) камғунҷоиш будан; камбар будан; б) ба сахтӣ гузаштан (-и рӯзгор); танг кардан а) дар вазъияти сахти ноилоҷона монондан; б) безор кардан◊ дилатро танг накун! хафа нашав!, ғам нахӯр!; ба танг овардан безор кардан; ба вазъияти сахт монондан; ба танг омадан безор шудан; танг шудани аҳвол сахт (тоқатфарсо) шудан; танг шудани дил дилгир ва хафа будан; танг шудани майдон кам шудани имконият; танг шудани нафас дучор будан ба бемории зиққи нафас, нафастангӣ; танг шудан пайдо шудани тақозои қазои ҳоҷат; танг будани қофия а) ёфт нашудани қофия; б) маҷ. чӣ гуфтани худро надониста мондан, дар ҷавоб дармондан; танг дар бағал гирифтан сахт оғӯш карданII[تنگ]1. дараи кӯҳ, роҳи миёни ду кӯҳ (тангно)2. маҷ. сахт, маҳкам, зичIII[تنگ]1. аили асп, аили рӯй, ки аз болои аили зер кашида мешавад; пуштанг2. Танги Лӯшо китоби Лӯшо ном наққоши машҳури румӣ, ки онро бо Аржанг (Артанг) ном китоби Монӣ баробар мекунанд
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.